Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО, ду созмони хабарнигории Тоҷикистон, аз ҷиддан бад шудани вазъи ҳуқуқи башар ва, ҳамин тавр, озодии баён дар кишвар ибрози нигаронӣ карданд. Ду созмон 10 декабр, дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, гуфтанд, ки танҳо соли равон чор нашрияи мустақил баста шуда, беш аз даҳ журналист Тоҷикистонро тарк намуданд. “Чунин вазъ баёнгари набуди шароит барои фаъолияти озод аст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиву идорӣ ба манфиати умумӣ пирӯз меояд”, - таъкид шудааст дар изҳорот. Тоҷикистон имсол дар раддабандии озодии баён дар ҷои 150-ум, яъне 34 зина поинтар аз соли гузашта, қарор гирифт. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО аз мақомоту созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки вазифаи худро барои таъмини ҳарчӣ бештари ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистон анҷом диҳанд.