Порлумони Куриёи Ҷанубӣ дахлнопазирии президент Пак Кин Херо бекор кард, дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс иттилоъ медиҳад. Ба ҷонибдорӣ аз лағви дахлнопазирии Хе 234 вакил раъй додааст. Акнун масъалаи истеъфои президентро Додгоҳи конститутсионӣ дар давоми ним сол ба баррасӣ мегирад.
Раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ нуфузашро баъди он аз даст дод, ки расонаҳои маҳаллӣ охири моҳи октябр дар бораи таъсири шавҳари президент дар умури давлатдорӣ хабар доданд. Вай ба ширкатҳои куриёӣ фишор оварда, аз онҳо хостааст, то миллионҳо доллар ба бунёди ӯ хайр кунанд. Шавҳари президент дар сӯистифодаи мақом айбор ва ба ҳабс гирифта шуд.
Чанд ёвари пешини президент низ бо айби берун рафтан аз доираи салоҳиятҳояшон боздошт шуданд. Пак Кин Хе расман узрхоҳӣ кард, аммо ба истеъфо нарафт.
Шуруъ аз моҳи ноябр дар Куриёи Ҷанубӣ бо талаби истеъфои президент чанд маъракаи оммавӣ баргузор шуд. Эътирозгарон мегӯянд, Пак Кин Хе қодир нест кишварро роҳбарӣ кунад.