Комиссияи Аврупо маҳдудияти парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистонро ба Аврупо бекор кард, дар ин бора ниҳодҳои ҳавопаймоии Қазоқистон хабар медиҳанд. Рӯйхати парвозҳои бехатари Иттиҳоди Аврупоро Комиссияи Аврупо тартиб медиҳад. Комиссия бо ҳадафи таъмини амнияти ҳарими ҳавоии иттиҳод ин рӯйхатро тартиб додааст. То 8 декабр парвози ҳамаи ширкатҳои ҳавоии Қазоқистон (ба ҷуз аз "Эйр Остона") ба Аврупо манъ буд. Акнун ҳамаи ширкатҳои қазоқӣ аз рӯйхат бароварда шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ширкатҳои қазоқӣ метавонанд аз ин ба баъд ба Аврупо парвоз кунанд.
Ширкатҳои Қазоқистон бори аввал соли 2009 шомили рӯйхати сиёҳи Комиссияи Аврупо шуданд. Моҳи декабри соли 2014 Аврупо парвози ҳамаи ширкатҳои қазоқиро ба ҷуз аз "Эйр Остона" ба ҳарими ҳавоии Иттиҳоди Аврупо манъ кард.
Тағйир замоне мумкин шуд, ки Қазоқистон талаботи Созмони байналхалқии ҳавонавардии шаҳрвандиро ба ҷо овард.