"Аз соли 2014 то ҳол 50 ҳазор ҷангии ДИИШ кушта шудааст"

Пентагон ё Вазорати дифои Амрико мегӯяд, нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз соли 2014 ба ин тараф дастикам 50 ҳазор ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро дар Сурия ва Ироқ маҳв кардааст. Изҳороти ин ниҳод рӯзи 8 декабр пахш шуд.

Эътилофи зидди ДИИШ дар Ироқу Сурия тақрибан 16 ҳазор ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода, нерӯҳои маҳаллиро дар мубориза бо ин гӯрӯҳ мусаллаҳ кардааст. Пентагон 50 ҳазор кушташудаи ДИИШ-ро рақами тахминии муҳофизакорона номид. Мақомот мегӯянд, ҳамлаҳои ҳавоӣ бо истифода аз "бомбаҳои ҳушманд", ки дақиқан ба ҳадаф мерасанд, аз марги мардуми мулкӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба ҳисоби эътилоф дар муддати амалиёт 173 нафари мулкӣ кушта шуданд, дар ҳоле ки ба гуфтаи мунтақидон ин рақам бамаротиб бештар аст. Мақомот мегӯянд онҳо сафи ҷангиёни таҷрибадори ДИИШ-ро ба андозае хароб карданд, ки акнун ин гурӯҳ барои ҳимояи Раққа ва Мавсил навҷавонҳоро сафарбар мекунад.

"Бо ин талошҳое, ки ҳамарӯза анҷом мешаванд, ДИИШ ҷангии камтар ва захираҳои камтарро дар ихтиёр хоҳад дошт", - гуфт сухангӯи Пентагон Ҷон Дорриан. Ба гуфтаи ин мақомдори Вазорати дифои Амрико, ба назар мерасад, захираи мошин ва зиреҳпӯшҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ низ ба охир мерасанд.