Пешниҳоди Мирзиёев барои интихобӣ шудани раисон

Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури мунтахаби Узбакистон пешниҳод кард, ки раисони минтақа ва мири шаҳрҳо аз роҳи интихобот муайян шаванд. Мирзиёев, ки рӯзи 7 декабр дар маъракае бахшида ба 24-солагии тасвиби Қонуни асосии кишвараш дар Тошканд сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти маҳаллӣ масъулияти бештар эҳсос мекунанд, агар онҳоро мардум интихоб кунад.

Аз замони истиқлоли Узбакистон аз Шӯравии собиқ дар соли 1991, раҳбарони минтақавӣ ва мири шаҳрҳоро раиси ҷумҳур таъин мекард. "Ин рӯзҳо раисони минтақа бо мардум сӯҳбат намекунанд, онҳо мушкилоти мардумро осон намекунанд", - гуфт президенти тозаинтихоби Узбакистон ва афзуд, "соли 2017 Соли муколама бо мардум хоҳад буд".

Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2003 нахуствазири Узбакистон буд, рӯзи 4 декабр, се моҳ баъд аз марги Ислом Каримов, ки ин кишвари калидии Осиёи Марказиро даҳсолаҳо бо мушти оҳанин идора кардааст, раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ҳукумати ӯ баъзе афродро, ки ҳамчун маҳбуси сиёсӣ арзёбӣ мешуданд, аз зиндон берун овард, равобитро бо ҳамсояҳо беҳтар ва барои расидагӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинони кишвар иқдом нмауд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ки ин иқдомот аз ислоҳоти воқеӣ, ки битавонад зиндагии мардумро хубтар ва ҳуқуқи бунёдии онҳоро таъмин кунад, дур аст.