Дар Туркманистон аз 7 декабр тарҳи нави қонун "Дар бораи амнияти озуқаворӣ", ки ба иддаои мақомот, аз эҳтимоли норасоии ғизо дар ин кишвар пешгирӣ мекунад, ба иҷро даромад.
Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 23 ноябри соли равон қонуни мазкурро имзо кард ва гуфт, он самтҳои асосии сиёсати Туркманистонро дар бахши таъмини амнияти озуқаворӣ муайян мекунад.
Қабули тарҳи нави қонун бо афзоиши мудовими нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва камёфт гардидани баъзе аз намуди онҳо тавъам уфтод. Тайи ҳафтаи ахир арзиши маҳсулоти ширинию саноатӣ, донагӣ, хушкмева ва мева дар бозорҳои Ишқободу Туркманобод тақрибан ду баробар боло рафт.
Ҳудуди чаҳор ҳафта аст, ки дар мағозаҳои давлатии Туркманистон ҳолатҳои қатъ ё маҳдуд шудани фурӯши шакар ва равғани растанӣ мушоҳида мешавад.