Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ҳавопаймое бо беш аз бо 47 нафар дар қисмати шимолии ин кишвар суқут кард.
Лоиқ Шоҳ, мақоми пулиси вилояти Хайбар паштунхвоҳи Покистон гуфт, ки ҳавопаймои Парвозҳои Байналмилалии Покистон рӯзи 7 декабр дар ҳамин минтақа, дар наздикиҳои шаҳраки Ҳавелиён, 70 километрии шарқи Исломобод суқут кард.
Ширкати Парвозҳои Байналмилалии Покистон гуфтааст, ки дар ҳаворпаймо 42 мусофир бо шумули дастикам се шаҳрванди хориҷӣ ва панҷ сарнишин ҳузур доштанд.
Хабаргузории Ройтерс бо такя ба мақомоти маҳаллӣ навиштааст, ки гумон аст, ки дар ин садама касе зинда монда бошад.
Парвози PK-661 дар роҳи бозгашт аз шаҳри шимолии Читрал ба Исломобод робитаро бо хадамоти заминӣ гум кард
Матбуоти маҳаллӣ теъдоди нафарони дохили ҳавопайморо 47 нафар мегӯянд.