Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон рӯзи чоршанбе тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки дастикам 30 ҳазор зиндониро афв мекунад
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ин тарҳро бахшида ба 25 солагии истиқлолияти кишвар пешниҳод кард ва порлумон низ аз он пуштибонӣ намуд.
Интизор меравад, ки тарҳи қонуни афв дар палатаи болоӣ, ё Сенати Қазоқистон ҳам тасвиб шавад ва Назарбоев ба он қабл аз Рӯзи Истиқлолият, 16 декабр имзо гузорад.
Ноиби Додситони кулли Қазоқистон Йоган Меркел гуфтааст, ки афви умум ҳудуди 30 ҳазор зиндонӣ, бо шумули онҳоеро, ки дар боздоштгоҳҳо қарор доранд фаро мегирад.
Аз ин шумор 1 ҳазору 800 нафар аз зиндон озод мешаванд ва муҳлати маҳбусии зиндониёни боқимонда коҳиш меёбад.
Ба гуфтаи Меркел ҳоло наздик ба 36 ҳазор нафар ё дар зиндон ҳастанд ва ё мурофиаи додгоҳиро интизоранд. Аҳолии Қазоқистон 17 миллион аст.
Афви қаблӣ дар ин кишвар, ки соли 2011, бахшида ба 20 солагии истиқлолият тасвиб шуда буд, наздик ба 27 ҳазор зиндониро фаро гирифт.
Қазоқистон охирин ҷумҳурии Шӯравии собиқ буд, ки 16 декабри соли 2991 давлати мустақил эълон шуд