Нерӯҳои Сурия шуришгаронро аз маркази таърихӣ берун карданд

Биноҳои харобшудаи Ҳалаб, тасвир аз 29 ноябри 2016

Нерӯҳои ҳукумати Сурия маркази таърихии шаҳри Ҳалабро аз шӯришгарон бозпас гирифтанд. Дар ин бора нозирони Маркази суриягии риояи ҳуқуқи башар хабар додааст.

Мухолифини мусаллаҳ ин бахши шаҳри Ҳалабро тӯли чаҳор сол таҳти назорат доштанд. Рӯзҳои ахир нерӯҳои содиқ ба президент Башор Асад, бо кӯмаки ҳавоии Русия шӯришгаронро аз бахши умдаи шарқи Ҳалаб берун карданд.

Моҳи августи соли 2012 шаҳри Ҳалаб ба ду қисмат ҷудо шуд: ғарби он дар дасти нерӯҳои ҳукуматӣ ва шарқ таҳти назорати шӯришгарон қарор гирифт. Назорати комил бар дуюмин шаҳри бузурги Сурия аз ҳадафҳои калидии президент Асад номбар мешавад.