ИА: Интихоботи Узбакистон зарурати ислоҳотро намоиш дод

Иттиҳоди Аврпуо мегӯяд, ки пирӯзии иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи бидуни сабқати рӯзи якшанбе зарурати идомаи ислоҳотро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошт.

"Мақомоти Узбакистон бояд ин заъфҳоро ҷиддӣ бигиранд ва Иттиҳоди Аврпуо омода аст дар ин раванд ба онҳо кӯмак кунад."- гуфт сухангӯи ин ниҳод дар изҳороти рӯзи 5 декабр.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо интихоботи президентии Узбакистонро "орӣ аз сабқати воқеӣ" номид, ки "райъдиҳандагонро аз имкони шунидани нуқтаи назари алтернативӣ маҳрум кардааст".

Иттиҳоди Аврпуо гуфт, ислоҳоти чашмгире, ки дар остонаи интихобот оғоз ёфт, махсусан иқдоми беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, сохтори додгоҳӣ, шароити кор, масъулиятҳои маъмурӣ ва мубориза бо фасодкорӣ, бояд идома ёбад ва ба рушди ҳокмияти демократӣ, иқтисоду иҷтимоиёт мусоидат кунад.