Нахуствазири Италия аз мақом истеъфо медиҳад

Маттео Рентси - нахуствазири Италия

Маттео Рентси, нахуствазири Италия баъди нокомӣ дар референдуми ахир, ки дар он аксари райъдиҳандагон ба муқобили дигар кардани Қонуни асосӣ овоз доданд, тасмим гирифт, ки аз мақом истеъфо диҳад. Биноба маълумоти ахир 60 дар сади райъдиҳандагон аз ислоҳот пуштибонӣ накарданд.

Рентси масъулияти нокомӣ дар назарпурсии оммавиро бар дӯш гирифт ва аз рақибонаш, ки ба овоздиҳии зидди ислоҳот даъват мекарданд, хост, ки пешниҳодоти худро таҳия кунанд. "Муваффақият ба ҳамаи мо" - гуфт нахуствазир дар анҷоми суханронии кӯтоҳаш. Дархости истеъфоро Маттео Рентси рӯзи 5 декабр ба президент пешниҳод мекунад.

Хабарҳо дар бораи нокомӣ ва истеъфои ҳукумати Италия ба коҳиши қурби евро дар барбари доллар, ба ҳадди ақали моҳи марти соли 2015 мусоидат кард.

Ислоҳоти Қонуни асосӣ ироаи салоҳияти бештар ба ҳукуматро барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ матраҳ кард.

Дар Италия интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад.