Даргузашти Ҳайдар Ҷамол

Ҳайдар Ҷамол, яке бунёдгузори ҳизби исломӣ дар қаламравии шӯравии собиқ, шаби 4 ба 5 декабр дар Алмаато бар асари беморӣ даргузашт. Дар ин бора дар саҳфаи интернетии марбут ба ӯ, хабар дода шудааст. Маросими ҷанозаи фардо, 6 декабр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад.

Ҳайдар Ҷамол соли 1990 Кумитаи исломии Русияро таъсис дода буд. Ӯ ҳамчунин яке аз муассисони ҳизби наҳзати исломӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд, ки аз соли 1990 то 1994 фаъолият мекард. Ӯ муаллифи чандин китоб доир ба ислом, аз ҷумла "Озодкунии ислом" ва "Инқилоби паёмбарон" мебошад.

Ҳайдар Ҷамол 6 ноябри соли 1947 дар шаҳри Маскав аз падари озарбойҷонӣ ва модари рус ба дунё омадааст. Дар маҳофили коршиносии Русия аз ӯ ба унвони таҳлилгари умури сиёсӣ, файласуф ва аз мунтақидони сиёсатҳои Кремлин, ном мебаранд.