Се нозири тоҷик ба Узбакистон рафтанд

Се намояндаи Тоҷикистон – Бахтёир Худоёрзода, Ҷамшед Ҷамшедов ва Носирҷон Салимӣ – барои назорати ҷараёни интихоботи президентӣ рӯзи 3 декабр ба Узбакистон рафтанд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфт, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар Тошканд ҷойгир хоҳанд шуд.

Бахтиёр Худоёрзода

Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабр баргузор ва барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ чор нафар сабқат доранд. Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот гуфта мешавад. Вай рӯзи 8 сентябри имсол, баъди тақрибан як ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, иҷрокунандаи вазифаи президент интихоб шуд.

Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров - аз Ҳизби сотсиал-демократ номзадҳои дигари интихоботанд. Кетмонов ва Умаров дар интихоботи гузаштаи президентии Узбакистон низ бо Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрда буданд. Интихоботи 4 декабр нахустин интихоботи президентии баъди Ислом Каримов дар Узбакистон аст, ки беш аз 25 сол ҳукуматро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ доштааст.