Порлумони Туркия қарордоди "Маҷрои туркӣ" бо Русияро тасвиб кард. Созиш баъди имзои раҳбари Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳукми иҷро мегирад.
Хати лӯлаи газ аз ду шоха иборат аст: яке Туркияро мустақиман бо газ таъмин мекунад, дигаро барои интиқоли энержӣ ба Аврупо истифода мешавад. Анқара оғози бунёди лӯларо ба авоили соли 2017 барномарезӣ кардааст. Анҷоми он моҳи декабри соли 2019 гуфта мешавад.
10 октябр Русия ва Туркия қарордоди байнидавлатии бунёди "Маҷрои туркӣ"- ро имзо карданд. Ин тарҳ қабл аз ҳодисаи зарба ба ҳавопаймои ҷангии Русия аз тарафи низомиёни Турк, дар ҷараёни амалиёти ҳавоӣ дар Сурия, моҳи ноябри соли 2015 низ тарҳрезӣ мешуд. Баъди ин ҳодиса Маскав алайҳи Анқара таҳрим ҷорӣ кард ва гуфтушӯниди "Маҷрои туркӣ" қатъ шуд. Музокирот дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки Туркия расман аз Русия маъзарат хост.