Чандрасонаӣ Сокинони Зинг: пешвози зимистон дар хаймаҳо декабр 01, 2016 Зарангези Наврӯзшоҳ Шаҳлои Абдуллоҳ Дар паи обхезиҳои шадиди моҳи май се манзил дар Зинг комилан хароб шуд Сокинони бехонаи деҳа бо талоши худ ба бунёди хонаҳои нав шурӯъ карданд Ҳанӯз ин манзилҳо сохта ба анҷом нарасидааст. То ба ҳол ин хонаводаҳо дар хаймаҳо шабро рӯз мекунанд Мақомоти ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки барои осебдидаҳо аз рӯи имконияти доштаашон дасти ёрӣ дароз карданд. Обхезиҳои моҳи май даҳҳо манзили сокинони деҳаи Зингро дар ноҳияи Дарвоз осеб расонид Об аз сатҳи дарё боло рафта, деҳаро пахш кард Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, мегӯянд, тамоми ин муддат зери хайма ва ё дар хонаи хешу наздикон шабро рӯз мекарданд.