Интизор меравад, соли 2017 дар Ӯзбекистон либерализатсияи густардаи сиёсати пулӣ гузаронида шавад, ки ҳадафи он рушди бозори асъори ватанӣ ва баланд бардоштани самаранокии он, инчунин шароити беҳтар барои фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳои соҳибкорӣ гуфта мешавад.
Иқдоми мазкур дар лоиҳаи қарори президент "Дар бораи самтҳои афзалиятноки сиёсати пулӣ" омадааст, ки ҳоло барои баррасӣ дар Портали ягонаи хадамоти интерактивии давлатӣ гузошта шудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки либерализатсияи сиёсати пулӣ ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва доираи соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии рушди иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, фароҳам овардани шароити баробар ҳангоми гузаронидани амалиёти пулӣ гуфта мешавад.
Ҳамчунин низоме ҷорӣ хоҳад шуд, ки бар пояи он арзиши тамоми молу хизматрасониҳо дар қаламрави Ӯзбекистон бо пули миллӣ нишон дода хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир, дар Ӯзбекистон интиқоли асъори хориҷӣ ба берун аз кишвар дар ҳаҷми баробар ба 10 ҳазор доллари ИМА, ба ҷуз аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қарори ҳукумат бе маҳдудият амалӣ мешавад.