Киркоров ва Маруанӣ дар маркази баҳси ҳуқуқи муаллиф

Ҳунарманди фаронсавӣ Дидйе Маруанӣ, раҳбари гурӯҳи мусиқии Space, ки аз ҷониби овозхони рус Филипп Киркоров гӯё дар тамаъҷӯии 1 миллион евро муттаҳам мешавад, аз идораи полис озод шуд. Хабаргузории Тасс менависад, ки ҳамроҳ бо ӯ ҳуқуқшинос Игор Трунов ҳам озод шуд. Маруанӣ гуфт, ки бидуни намояндаи расмии консулгарии Фаронса бо матбуот сӯҳбат намекунад. Телефони мобили овозхон аз дасташ гирифта шуда, дар идомаи рӯз ӯро барои додани баёнот даъват кардаанд. Ҳуқуқшинос Трунов баёнот дода, аз ӯ созишнома, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои дигараш гирифта шудааст. Як манбаъ ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки сабабе барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ намебинад.

Маруанӣ ва Трунов шоми сешанбе дар шӯъбаи Сбербанки шаҳри Маскав боздошт шуданд. Дар ин идора қарор буд мулоқоти онҳо бо Филипп Киркоров, аз овозхонҳои раддаи аввали саҳнаи попи рус баргузор мешуд. Қарор буд миёни ду ҷониб муомилае сурат мегирифт, ки маншааш нақзи ҳуқуқи муаллиф будааст. Аз ин пеш Маруанӣ Киркоровро дар плагиат ё асардуздӣ айбдор карда ба додгоҳ муроҷиат кард ва гуфт, ки овозхони рус дар таронаи “Ишқи бераҳм” ("Жестокая любовь") пораҳое аз оҳанги Symphonic Space Dream истифода шудааст. Маруанӣ талаб кард, ки дар ҳаҷми 75 миллион рубл товони ин оҳанг пардохта шавад.

Рӯзи 28 ноябр ҳуқуқшинос Игор Трунов, ки бо Маруанӣ кор мекунад, гуфт, ки Киркоров розӣ шудааст ин баҳсро аз роҳи мусолеҳа ҳал карда ба гурӯҳи мусиқии Space ҷубронпулиро барои нақзи ҳуқуқи муаллиф пардохт кунад. Созишнома дар ин замина қарор буд рӯзи 29 ноябр дар идораи Сбербанк имзо мешуд.

Вале вакили дифои овозхони рус Александр Добровинский ин иддаоҳоро рад карда гуфт, ки Киркоров бо Маруани ҳеҷ созише имзо накардааст ва аз номи Киркоров касе шӯхӣ кардааст. Ӯ инчунин исрор меварзад, ки ҳеҷ масъалаи “нақзи ҳуқуқи муаллиф” вуҷуд надор ва ҳамаи ин қазия барои “тамаъҷӯӣ” сохта шудааст.