Таҳдиди Трамп ба бознигарии сиёсати Обама дар робита ба Куба

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп раванди рушди равобити Амрико бо Кубаро, ки Барак Обама пеш гирифтааст, бозмедорад, агар Ҳавана дар наздиктарин фурсат вазъи ҳуқуқи башар, бо шумули озодии баёнро беҳтар накунад. Дар ин бора Рейнс Прибус, раҳбари аз ҷониби Трамп таъйидшудаи маъмурияти Кохи Сафед изҳорот додааст.

"Созиши феълӣ бо Куба бар пояи гузаштҳои якҷонибаи мо сурат гирифтааст ва ин қобили қабул нест", - гуфтааст Прибус. Ӯ мегӯяд, "мо мехоҳем пешрафтро дар самтҳои мушаххас - коҳиши саркӯбӣ, боз шудани бозорҳо, озодиҳои мазҳабӣ ва аз маҳбас раҳо шудани зиндониҳои сиёсиро бубинем." Ба гуфтаи Рейнс Прибус, президенти мунтахаби Амрико бовар дорад, ки ин ҳама бояд рух бидиҳад, то равобит байни ду давлат бозу беҳтар шавад.

Дар робита ба марги раҳбари пешини Куба Фидел Кастро ситоди Трамп изҳороте пахш кард, ки дар он Кастро ҳамчун "диктатори бераҳм" тасвир шудааст, ки мардуми худро дар тӯли беш аз ним аср афсурда кард ва баъди сари худ меросеро дар шакли фармонҳо барои куштор, озори беандоза, дуздии буҷа ва фақру беҳуқуқӣ боқӣ гузошт.

Иёлоти Муттаҳида маҳдудиятҳоеро дар робита ба равобит бо Куба ҷорӣ кардааст, ки Трамп мехоҳад онҳоро ҳамчун абзори фишор ба Ҳавана истифода кунад.