Дар Будапешт машваратҳои дуюми сиёсии миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Маҷористон хотима ёфт. Дар поёни ин музокирот як протоколи ҳамкории миёни ду кишвар аз ҷониби вазирони ду кишвар – Сироҷиддин Аслов ва Петер Сийярто имзо шуд. Аслов гуфт, ки дар ҷараёни ин музокирот масоили густурдаи марбут ба ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ баррасӣ шуд, изҳори омодагӣ шуд, ки ҳарду ҷониб дар оянда ҳам ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг тавсеа медиҳанд.
Петер Сийярто дар баробари хабарнигорон аз Тоҷикистон ба унвони “як шарики хуб” ёдовар шуд ва гуфт, ки Маҷористон хостори тақвияти сулҳу субот дар Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон аст. Вай гуфт, Маҷористон манфиатдори субот дар Афғонистон аст, ба он хотир, ки бесуботӣ дар ин кишвар метавонад “таҳдид ба амнияти Аврупо” бошад ва бӯҳрони муҳоҷират, ки Аврупоро домангир кардааст, баёнгари ин гуфтаҳост. Ҳамасола, ба қавли ӯ, Будапешт, барои барномаҳои амниятӣ ва тамрини низомии артиши Афғонистон ним миллион доллар кӯмак мекунад ва дар оянда ҳам ин кӯмакҳояшро дареғ нахоҳад дошт.
Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон ба радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқоти ду вазир тахминин 30 дақиқа идома кард. Сироҷиддин Аслов дар Будапешт бо ҳадафи ширкат дар ҳамоиши об ҳузур дорад, ки рӯзҳои 28 то 30 ноябр баргузор мешавад. Дар рӯзи аввали ин нишаст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, ба зарурати мудирияти дуруст дар танзими захираҳои об ва ҳам ҷалби сармояҳои бештар даъват кард.
Муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар соли 1992, баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон барқарор шудааст. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни ду кишвар дар соли 2015 ба 2 134,3 ҳазор доллари ИМА (содирот – 3,4 ҳазор доллар; воридот - 2 130,9 ҳазор доллар) баробар аст, мегӯяд омори расмӣ. Ҳамкорӣ бо Маҷористон дар соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дошта, айни замон бештар ба хариду фурӯши доруворӣ равона карда шудааст. Маҷористон дар солҳои истиқлолият ба кишвари пазирандаи ҷавонҳои тоҷики муҳассили донишгоҳҳои ин кишвар ҳам шудааст, ки як бахше аз онҳо аз роҳи барномаҳои таҳсили Институти ҷомеаи боз – Бунёди Сорос ба Будапешт сафар мекунанд.