Раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович зимни шоҳидӣ дар қазияи сарбозони гурӯҳи вижаи "Беркут" гуфт, ки ӯ ба касе амри оташкушӣ надода буд. Янукович гуфт, ба ӯ дар бораи оташкушоӣ аз бинои "таҳти назорати мухолифин" хабар доданд. Аммо таъкид кард, ки хадамоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот "дар чаҳорчӯби низоми мавҷуда кор кард".
Президенти собиқи Украина қаблан гуфта буд, намедонад, ки сарбозони "Беркут" рӯзи 20 феврал дастуре гирифтаанд, ё не. Виктор Янукович гуфт, посух додан ба суоле, ки алайҳи майдон аз кадом силоҳ истифода шуд, барояш сахт аст.
Рӯзи душанбе додгоҳи Святошенскии Киев қазияи панҷ сарбози гурӯҳи вижаи "Беркут"-ро ба баррасӣ гирифт, ки ба ҳалокати 48 иштирокчии гирдиҳамоиҳои Евромайдон, дар таърихи 20 феврали 2014 муттаҳам мешаванд. Виктор Янукович, ки он замон раиси ҷумҳури Украина буд, дар ин қазия ҳамчун шоҳид мегузарад. Ӯ аз минтақаи Ростови лаби Дон тавассути видео шаҳодат медиҳад. Мақомоти феълии Украина мегӯянд, ки амри тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургарони майдонро маҳз Янукович содир кардааст.