Ибтидои соли оянда бузургтарин пули мошин ва қаторгузар болои Амударё ба истифода дода мешавад. Ин пул Узбакистону Туркманистонро ба ҳам мепайвандад. Дар ин бора президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хабар додааст. "Ба истифода додани пулҳои мошингузар ва қаторгузар рафтуои нақлиётро миёни ду кишвар бештар мекунад", - гуфтааст Бердимуҳаммадов. Дар навбати худ намояндаи Узбакистон, муовини аввали ин кишвар Рустам Азимов афзудааст, дар ҳоли ҳозир таъмини амният дар соҳаи нақлиёт масъалаи аввалиндараҷа аст.