Хоҳари Фидел Кастро ба маросими видоъ намеравад

Хуанита Кастро, хоҳари Фидел Кастро

Хуанита Кастро, хоҳари Фидел Кастро, ки дар Амрико ба сар мебарад, ба маросими видоъ бо бародараш нахоҳад рафт. Дар ин бора нашрияи Miami Herald хабар дод. Хуанитаи 83-сола дар робита ба марги раҳбари пешини Куба изҳори таассуф кард, вале ҳамзамон гуфт, мухолифи диктатура буд ва мемонад. Хуанита Кастро аз соли 1961 бо идораи марказии кашфи Амрико ҳамкорӣ дошт ва соли 1964 Кубаро тарк кард. Вай баъди марги бародараш изҳори умед кард, ки мардуми Куба метавонанд муттаҳид шаванд. Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, ки тақрибан панҷоҳ сол ҷилави қудрат дар дасташ буд, шаби 25 ноябр дар навадсолагӣ даргузашт. Раул Кастро, раҳбари кунунии Куба, эълон кард, ки бино ба васияташ ҷасади Фидел Кастро сӯзонда хоҳад шуд. Дар Куба то 4 декабр мотами миллӣ эълон шудааст.