Дар наздикии Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, ки аз соли 2014 боз таҳти идораи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад, ду гӯри дастҷамъӣ ошкор ва аз дохилаш 18 ҷасади асосан язидиҳо, намояндагони як ақаллияти динӣ, ёфт шудааст. Пешмаргаҳои курд гуфтанд, гӯрҳои дастҷамъиро дар наздикии чорроҳаи Шабабит, дар шимоли ғарби Ироқ, пайдо карданд. ДИИШ тобистони соли 2014 ҳангоми ишғоли Синҷар, минтақае дар шимоли Ироқ, ҳазорҳо язидиро ба ғуломӣ гирифта ва бисёре аз онҳоро ба қатл расондааст. Қаблан, дар канори шаҳри Синҷар низ гӯри дастҷамъии даҳҳо язидӣ ошкор гардид. Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, чунин амалкарди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷинояти наслкушист. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди чор ҳазор язидӣ дар минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ ба сар мебаранд.