Интиқоди HRW аз Қазоқистон барои поймолшавии ҳуқуқи коргарон

Дар гузориши нави Human Rights Watch (HRW) ё Дидбони ҳуқуқи башар Қазоқистон ба хотири риоя накардани ҳуқуқи коргарон, ба вижа, озодиҳои гирдиҳамоӣ, ҷамъомадҳо ва эътирозҳо, танқид шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ даъват кардаанд, ки кодекси меҳнат ва қонун дар бораи иттифоқҳои коргарон бо меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонида шавад.

Созмони мазкур гузориши навашро 23 ноябр зери унвони "Мо - душман нестем: поймолшавии ҳуқуқи коргарон дар Қазоқистон" нашр кардааст. Барои таҳияи гузориш созмон бо бештар аз 50 роҳбари иттифоқҳои коргарон, фаъолон ва коргарони корхонаҳои муҳими саросари Қазоқистон ва чанде аз вазоратҳо мусоҳиба кардааст. Ин сомзон бо такя ба иттилои ҷамъовардааш ба хулоса расидааст, ки мақомоти Қазоқистон "ҷамъомадҳо ва гирдиҳамоиҳои коргаронро шадидан назорат мекунанд".

Кодекси нави меҳнати Қазоқистон ҳуқуқи коргаронро барои ташкили гирдиҳамоӣ маҳдуд мекунад. Ба мақомоти Қазоқистон тавсия шудааст, ки ҳуқуқи коргаронро барои ҷамъомадҳо, ташкили эътирозҳо риоя кунанд ва онҳоро барои фаъол буданашон муҷозот накунанд.