Петр Порошенко, президенти Украина гуфтааст, ки зимни як суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, ҳамтои тозаинтихоби амрикоияш аллакай масъалаи ғасби нимҷазираи Қрим ва низои Донбассро баррасӣ кардааст.
Порошенко дар ин бора зимни як нишасти хабарӣ баъди саммити Украина - Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дода, вале ҷузъиёти суҳбатро ифшо накардааст.
Нимҷазираи Қримро моҳи марти соли 2014 Русия ғасб кард. Қонунӣ будани раъспурсии баргузоршударо дар Қрим бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ИМА ва давлатҳои Аврупо эътироф намекунанд.
Доналд Трамп дар маъракаи пешазинтихоботии худ ваъда дода буд, ки қаламрави Русия этироф шудани Қримро баррасӣ хоҳад кард. Трамп гуфт, ки назари сокинони нимҷазира дар ин замина ҳатман бояд ба инобат гирифта шавад. Вай ҳамчунин борҳо изҳор дошт, ки мехоҳад равобитро бо Русия беҳтар кунад.