Мавсил муҳосира шуд

Ҷангиёни шиамазҳаби ироқӣ, ки аз эрониҳо пуштибонӣ мебинанд, гуфтанд, ки шаҳри Мавсили пойгоҳи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро пурра муҳосира карда роҳи ҷангиёнро аз шимоли Ироқ ба манотиқи дигари Ироқу Сурия қатъ кардаанд. Як гурӯҳи пуштибони ҷангиёни шиамазҳаб ва тарафдори ҳукумат гуфт, ки мавқеъҳои онҳо ҳамакнун бо пешмаргаҳои курдӣ пайваст шудааст. Пешмаргаҳо, нирӯҳои ҳукуматӣ ва қабилаҳои саъудӣ аллакай дар манотиқи шимолӣ ва ҷанубии Мавсил мустақар шудаанд, дар ҳоле, ки нирӯҳои ҳукуматӣ дар самтҳои шарқии шаҳр қарор гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, низомиёни ироқӣ гуфтанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико субҳи 23 ноябр пули чоруми болои рӯди Даҷларо хароб кардаанд. Ба ин тартиб, дар ихтиёри ҷангиёни ДИИШ танҳо аз як пул барои интиқоли муҳимоти низомӣ ва силоҳ мондааст, ки ду канори шаҳрро ба ҳам пайваст мекунад.