Мусодираи 753 мобили қочоқӣ аз дафтари "Азия -Сет"

Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷараёни гузарондани амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ аз дафтари муассисаи “Азия-Сет” дар шаҳри Душанбе 753 адад телефонҳои мобайлро мусодира кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин телефонҳо аз ҷониби шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, ки ному насабаш эълон нашудааст, аз шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб аз роҳҳои қочоқ ба Душанбе ворид гардидааст. Арзиши умумии телефонҳои мобайли қочоқӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Нисбати ин ҳодиса бо моддаи 289, қисми 1 –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне, “қочоқ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва барои тафтиши баъдӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол гардидааст. Тибқи ин модда барои омили ҷиноят аз 250 то 912 нишондиҳанда ҷарима ( як нишондиҳанда 40 сомонӣ) ё ба муддати то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Тибқи хабари дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ низ ба ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ дар “Маркази савдои Тоҷикистон” 276 телефони мобайл, ки аз ҷониби 8 соҳибкор ба таври ғайриқонунӣ, бидуни ба расмият даровардан ва қочоқ ба Тоҷикистон ворид шуда буданд, кашф ва мусодира шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.