Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар Истанбул

Ниҳодҳои интизомии Туркия дар ҷараёни як амалиёт дар шаҳри Истанбул ду шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро ба гумони узвият дар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” боздошт кардаанд. Бино ба иттилои нашрияи туркии Haberturk, боздоштшудагон шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ва дигарӣ шаҳрванди 23-солаи Узбакистон будаанд, ки қасд доштаанд ба Сурия рафта ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд. Ин ду нафар бо тасмими додгоҳ дар боздошт қарор доранд. Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои интизомии Туркия ду шаҳрванди Узбакистону Озарбойҷон низ дастгир шуда ва онҳо аз Туркия ихроҷ хоҳанд шуд.