Дар Туркия 15 ҳазор корманди дигари давлатиро аз кор ронданд

Мақомоти Туркия дар доираи таҳқиқи талоши табаддулоти ноком 15 ҳазор корманди муассисаҳои давлатиро аз кор ихроҷ карданд. Ба ин тартиб, шумори умумии мансабдорон ва низомиёне, ки аз кор ихроҷ шуданд, ба бештар аз 110 ҳазор расид. Миёни ихроҷшудаҳо судяҳо, деканҳо ва омӯзгорони донишгоҳҳо, низомиҳо ва рӯзноманигорон низ ҳастанд.

Дар ҷараёни мавҷи охир наздики 2 ҳазор низомӣ, 7,5 ҳазор пулис, 500 жандарм ва наздики 1000 кормандни давлатӣ аз идораҳои гуногун аз кор ронда шуданд.

Ба ҷуз ин, нуҳ расона, аз ҷумла 7 рӯзнома ва наздики 500 созмони гуногун, ки миёнашон 18 созмони хайрия низ ҳаст, баста шудааст.

Сар аз моҳи июли соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, 37 ҳазор одам, аз ҷумла рӯзноманигорони нашрияи мухолифи "Ҷумҳурият", инчунин чанд нашрияи дигар, роҳбарони "Ҳизби демократияи мардум" боздошт шуданд. Дар Туркия ҳоло баргардонидани ҳукми қатл барои онҳое, ки дар табаддулоти ноком даст доштанд, баррасӣ мешавад.