Саркозӣ аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ мешавад

Раиси ҷумҳури собиқи Фаронса Николя Саркозӣ баъди шикаст дар интихоботи дохилии нерӯҳои росту марказгаро гуфт, ки аз сабқат барои курсии раёсати ҷумҳур даст мекашад ва аз сиёсат канор меравад.

Дар ҷараёни райъдиҳии рӯзи 20 ноябр 23 дар сад ба тарафдории Саркозӣ овоз доданд. Ӯ сабқатро ба нахуствазирони собиқ, Франсуа Фийон ва Аллен Жюппе бой дод. Дар райъдиҳӣ 43 дар сад аз Фийон ва беш аз 27 дар сади дигар ба Жюппе овоз доданд.

Николя Саркози аз тарафдоронаш даъват кард, ки дар даври дуюми райъдиҳӣ, рӯзи 27 ноябр аз Фийон пуштибонӣ кунанд.

Франсуа Фийон, собиқ нахуствазири Фаронса, дар замони раҳбарии Саркозӣ, аз равобити наздик бо Русия пуштибонӣ мекунад. Ӯ омодааст масъалаи лағви таҳримҳо ва ҳамкорӣ бо Маскавро баррасӣ кунад.

Аллен Жюппе ба татбиқи сад дар садии созишномаи Минск даъват мекунад. Ӯ ишғоли Қримро қабул надорад ва бомбаборони Ҳалабро ҷинояти ҷанг мешуморад.