Эрдуғон: "Ба ҷои Иттиҳодияи Аврупо метавонем ба ШОС пайвандем"

Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Шавкат Мирзиёев

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – рӯзи якшанбе гуфт, ки лозим нест кишвараш “ба ҳар қимате” ба Иттиҳодияи Аврупо пайвандад. Вай дар роҳи бозгашт аз сафараш ба Покистону Узбакистон ба хабарнигорон гуфт, Туркия метавонад бахше аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), блоки низомии шомили Чину Русия ва чор кишвари Осиёи Марказӣ бошад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил ёфт.

Туркия, узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО, тайи ёздаҳ соли гузашта талош кардааст, ки ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд. Аммо раҳбарони аврупоӣ нисбат ба вазъияти озодиҳои демократӣ дар Туркия интиқод доранд ва Анкара низ аз ончӣ “рафтори таҳқиромези Ғарб нисбат ба худ меномад”, шикоят мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, Эрдуғон дар идомаи суханони рӯзи 20 ноябри худ гуфтааст, “чаро Туркия узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай набошад? Ин нуктаро ба Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия, Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ба онҳое, ки алъон дар узвияти ин созмон ҳастанд, гуфтам.”

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин кишварҳо то соли 2001 аз тариқи ироаи бахше аз қаламравҳои худ баҳсҳои марзиашон бо Пекинро нуқта гузоштанд.

Дар соли 2001 бо пайвастани Узбакистон, нахустин кишваре, ки бо Чин марзи мустақим ва табъан ягон мушкили марзӣ надошт, “Панҷгонаи Шанхай” ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Соли 2004 Муғулистон, соле баъд аз он Покистону Ҳинду Эрон ва дар соли 2012 Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соҳиби мақоми нозир шуданд.

Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпинг, раҳбарони Русияву Чин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, моҳи июни имсол дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд гуфта буд, Ҳинду Покистон дар соли 2017 метавонанд ба узвияти ин созмон бипайванданд. Путин гуфт, Деҳлии нав ва Исломобод “барои расидан ба мақоми кишвари узв бояд ҷавобгӯи тамоми талабот бошанд.” Нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай моҳи июни соли 2017 дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар идомаи сӯҳбатҳо бо ишора ба масъалаи пайвастани кишвараш ба Созмони ҲамкориҳоиШанхай гуфтааст, «умед дорем, таҳаввули мусбате дар ин росто сурат гирад. Фикр мекунам, пайвастани Туркия ба ШОС боис мешавад, ки Туркия бо дасти бисёр бозтар амал кунад.»

Эрдуғон ҳафтаи гузашта аз мардуми Туркия хост, то дар хусуси сарнавишти пайвастани кишвараш ба Иттиҳодияи Аврупо то поёни соли равон сабр кунанд. Вай гуфт, дар ин бора соли 2017 як ҳамапурсӣ баргузор хоҳад шуд.