Ҳукумати Сурия пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи додани мақоми "автономия" ё худмухторӣ ба минтақаи шарқи Ҳалабро, ки таҳти назорати мухолифони Башор Асад аст, рад кард. Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, рӯзи 20 ноябр баъди мулоқот бо фиристодаи хоси СММ Стаффан де Мистура гуфт, "ҳамон лаҳзае ки шӯришиён аз минтақаи шарқи Ҳалаб берун шаванд, ниҳодҳои давлатӣ фаъол хоҳанд гардид." Муаллим гуфт, кишвараш намегузорад, 275 ҳазор одам дар шарқи Ҳалаб асири 6 ҳазор шӯришӣ шаванд.
Фиристодаи хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия Стаффан де Мистура рӯзи якшанбе ба Димишқ рафт ва ин сафари ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки нерӯҳои Башор Асад ҳамлаҳоро болои шарқи Ҳалаб афзоиш додаанд. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Элизабет Хофф низ гуфт, дар панҷ рӯзи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии нерӯҳои давлатӣ дар минтақаҳои таҳти назорати мухолифон тамоми шифохонаҳо хароб гардидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз замони дубора авҷ гирифтани ҳамлаҳои нерӯҳои давлатии Сурия дар шарқи Ҳалаб дар 15 ноябри имсол беш аз 100 фарди мулкӣ кушта шудаанд. Рӯзи 20 ноябр дар як ҳамлаи мушакии шӯришиён дар қисмати ғарбии Ҳалаб низ 7 кӯдак ҷон бохтанд. Аз соли 2012 ба ин сӯ шаҳри Ҳалаб ба ду тараф ҷудо шудааст, ки қисмати ғарбияшро ҳукумат ва қисмати шарқияшро шӯришиён таҳти назорат доранд.