Трамп раҳбари ояндаи Хадамоти истихборотро маълум кард

Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп мақоми раҳбари Хадамоти марказии истихоротро ба узви палати намояндагони Конгресс Майк Помпео пешниҳод кард. Мақомҳои Вазири адлия ва Додситони кулл ба Ҷеф Сешонс ва Мушвори амнияти миллӣ ба Майкл Флинн пешниҳод шуданд.

Ҳарсе номзад пешниҳоди Трампро пазируфтанд. Дар ин бора узви тими президенти мунтахаб, ки нахост номаш гуфта шавад, хабар дод. Маълумоти расмӣ дар ин робита дертар пахш хоҳад шуд.