Кори намояндагии НАТО дар Тошканд қатъ мешавад

Дафтари робитаҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ (ОМ), ки феълан дар Тошканди Ӯзбекистон ҷойгир аст ва иртиботи ин созмони низомиро бо кишварҳои минтақа ҳамоҳанг мекунад, соли 2017 баста хоҳад шуд.

Розария Пулизи, раҳбари ин дафтар дар суҳбат бо хабаргузории "Фарғона" гуфтааст, ки дар ҳақиқат коргоҳи НАТО дар ОМ охирҳои моҳи марти соли 2017 баста мешавад.

"Ин тасим дар пайи баррасии дохилии буҷа гирифта шуда, ангезаи сиёсӣ надорад. Аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеч гуна фишор нашудааст. Баръакс, мо ҳамеша дар минтақа гарм пазироӣ шуда, аз ҳамкориҳои самарабахшу судманд дар сатҳҳои зарурӣ шод будем. ОМ барои НАТО аҳамияти стратегӣ дошт ва дорад. Ҳамкориҳо минбаъд бевосита аз Брюссел идора хоҳад шуд", - гуфтааст раиси дафтари НАТО дар ОМ.

Шарики нахустини НАТО дар ОМ, ки кормандони созмон оид ба иртибот ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро пазируфт, Қазоқистон буд.

Тобистони соли 2013 дафтари НАТО ба Тошканд кӯч баст. Он дар пойтахти Ӯзбекистон ҳамчун намояндагии дипломатӣ сабти ном шуда, моҳи августи ҳамон сол корро оғоз кард.