"Аврупои нерӯманд барои Амрико ва НАТО муҳим аст"

Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки Аврупои нерӯманд ва муттаҳид барои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Дар ин бора Обама рӯзи 15 ноябр дар Афина, баъди мулоқот бо президенти Юнон Прокопис Паулопулос изҳорот пахш кард.

Президент Обама, ки барои бори охир дар мақоми раиси ҷумҳур ба сафари Аврупо баромадааст, мехоҳад, кишварҳои Аврупоро мутақоид созад, ки ҷойгузини ӯ Доналд Трамп ҳамаи масъулияти шарикии Амрикоро дар баробари НАТО ҳифз мекунад. Трамп дар ҷараёни интихоботи президентӣ гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ эҳтимол ҳифзи шарикони Амрикоро кафолат намедиҳад.