Боқидҷон Сагинтаев, сарвазири Қазоқистон имрӯз зимни ҷаласаи ҳукумат дар Остона аз сари вақт тоза нашудани роҳҳои пойтахти кишвараш баъди боридани барф изҳори норизоӣ кардааст.
Сагинтаев дар хитоб ба Асет Исекешев, шаҳрдори Остона гуфтааст, "тамоми шаҳр аз хоб хестаанд ва ба кор дер мемонанд". Сарвазири Қазоқистон афзудааст, ки "эҳсос мекунам, ҳеч омодагие барои тоза кардани роҳҳо вуҷуд надошт".
Вале Асет Исекешев дар посух гуфтааст, ки барфи кӯчаҳои пойтахти Қазоқистонро аз шаб ба ин сӯ тоза мекарданд ва барои ин кор омодагӣ низ дида буданд. "Омодагӣ дида будем. Аслан ҳоло тамоми роҳҳо тозаанд ва дар пайи бориши зиёди барф, албатта бандшавии мошинҳо ба миён меояд", - афзудааст шаҳрдори Остона.
Ба гуфтаи Исекешев, якбора бад шудани боду ҳаво ба ҳаракат дар роҳҳо таъсир расонида, шумори садамаҳои нақлиётӣ низ афзоиш хоҳад ёфт. Тайи як шабонарӯзи ахир дар пойтахти Қазоқистон ҳудуди 100 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Остона мегӯяд, рӯзи 14 ноябр беш аз 300 техника барои тоза кардани роҳҳои пойтахт сафарбар шуда буд.