Tojnews фаъолияташро қатъ кард

Оҷонси хабарии Тоҷнюс (Tojnews) фаъолияташро расман қатъ кард. Изороти "хайрбодӣ"-и муассис ва кормандони Тоҷнюс рӯзи 14 ноябр дар торнамои ин хабаргузорӣ нашр шуд. "Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи "Нигоҳ" навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид", - таъкид шудааст дар изҳорот.

Бино ба қавли муассис ва кормандони Тоҷнюс, "дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад. Умедворем, ин вазъ абадӣ нахоҳад монд." Хабаргузории Тоҷнюс моҳи сентябри соли 2009 аз тарафи созмони ИНДЕМ, ки муассисаш Саймуддин Дӯстов (Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён) аст, ташкил шуда ва дар ҳафт соли гузашта яке аз хабаргузориҳои пешқадам дар Тоҷикистон буд.

Ин хабаргузорӣ бештар бо ифшо кардани ахбороте, ки дар долонҳои ҳукумат давр зада, вале бисёр вақт берун намеомаданд, маъруфият дошт. Инчунин ин торнамо тарҳҳои махсусеро аз қабили "суоли рӯз", "чеҳра", "гузоришҳои махсус", "интригаи рӯз" ва "сӯҳбати доғ" ба роҳ монда буд. Дар охири моҳи октябр ҳафтаномаи "Нигоҳ" эълон кард, ки фаъолияташро қатъ кардааст ва далелашро "набудани шароити лозим" номид. Созмони ҷамъиятии ИНДЕМ, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва Тоҷнюс, ки ҳоло аз фаъолият бозмонданд, аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъол аст.