Артиши Сурия аз бозпасгирии минтақаи Зоҳият-ул-Асад аз дасти шибҳанизомиёни мухолифи ҳукумат хабар дод. Зоҳият-ул-Асад дар ғарби шаҳри Ҳалаб ҷойгир аст. Яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия низ пешравии артишро дар ғарби Ҳалаб тасдиқ кардааст. Амалиёти якҷояи артиши Сурия бо ҳимояти Русия ва Эрон барои бозпасгирии Ҳалаб тақрибан ду моҳи пеш оғоз шуда буд. Мухолифони ҳукумати Башор Асад нерӯҳои давлатиро муттаҳам мекунанд, ки бо ҳимояти Маскав даҳҳо ҳазор ғайринизомиро кушта, захмӣ ё овора кардааст. Русия мегӯяд, ки дар Сурия террористҳои исломгароро ҳадаф қарор медиҳад.