"Як бонки давлатии хориҷӣ омодааст, васиқаи Занҷониро пардозад"

Як бонки хориҷии "сад дар сад давлатӣ" изҳори омодагӣ кардааст, ки барои Бобак Занҷонӣ – миллиардери зиндонии эронӣ – васиқа пардозад. Занҷонӣ, ки дар гузашта дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, моҳи марти имсол аз сӯи додгоҳе дар Теҳрон ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба қатл маҳкум шуд. Мақомоти Эрон Бобак Занҷониро барои аз худ кардани 2,5 миллиард доллар пули нафти он кишвар айбдор медонанд ва мегӯянд, дар сурати баргардондани ин миқдор маблағ ҳукмаш тағйир хоҳад кард.

Ба далели масоили ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ ин бонк наметавонад бигӯяд, ки шӯхӣ кардам ва иқдомаш дар ирсоли нома ҷиддист

Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобак Занҷонӣ, гуфтааст, аз "бонки хориҷии давлатӣ" ном бурда намешавад, аммо ин ниҳод дар номаи расмӣ аз тасмимаш мақомоти Бонки марказии Эронро хабардор кардааст. Вакили Занҷонӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории "Тасним" гуфтааст, ин бонки хориҷии давлатӣ мустақим наметавонист бо қувваи қазоияи Эрон тамос гирад ва барои ҳамин ба Бонки марказӣ муроҷиат намудааст, то арзашро ба мақомоти додгоҳӣ расонанд.

"Ба далели масоили ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ ин бонк наметавонад бигӯяд, ки шӯхӣ кардам ва иқдомаш дар ирсоли нома ҷиддист", - афзудааст ӯ. Ба қавли Кӯҳпоязода, аммо Бонки марказии Эрон дар посух гуфтааст, ин масъала ба онҳо иртибот намегирад ва бонки хориҷии давлатӣ бояд ба Вазорати нафт муроҷиат кунад.

Бобак Занҷонӣ дар маросими ифтитоҳи "Автовокзал"-и Душанбе ва оғози кори Asian Express иштирок карда буд

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, бо Вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва, инчунин, бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.

Ин мақомот гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, 2,5 миллиард доллари, ба иддаои Занҷонӣ, интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо, аз ҷумла “Автовокзал”-и нави Душанбе ва ширкати “Эйшн Экспресс” ӯ ҳамроҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Вале моҳи июли имсол масъулони Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, агар ҷониби Эрон санадҳои мушаххас дар мавриди вуҷуди сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар бонкҳои кишварро пешниҳод кунанд, онро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки давоми ду соли гузашта мавзӯи сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳамвора дар расонаҳо матраҳ будааст ва агар воқеан ин пул дар Тоҷикистон вуҷуд медошт, иқтисоди кишвар ба чунин мушкил рӯбарӯ намешуд.