Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васоили ҷосусӣ - дар хидмати ҳукуматҳои худкома


Гузоришҳои матбуотӣ мегӯянд, Узбакистону Қазоқистон ва дигар ҳукуматҳои худкома ба васоили кибернетикие, ки мақомоти интизомии Ғарб истифода мебаранд, дастрасӣ пайдо карда, аз ин васоил барои таъқиб ва тарсондани дигарандешон истифода мебаранд.

Хабаргузории Associated Press рӯзи 2 август хабар дод, ки бино ба мушоҳидаи пажӯҳишгарон, ширкатҳое назири Verint ва Nice Systems ба пулиси махфӣ дар Узбакистону Қазоқистон васоили назорати омма фурӯхтаанд. Ин васоил, ба гуфтаи дигарандешон, ба пулиси махфии Узбакистон ба зудӣ имкон додааст, ки мардумеро, ки тавассути телефон ё эмейл масоили ҳассосро баҳс мекунанд, аз ҷумла як блогнависи дигарандеши узбакро муайян ва дастгир кунанд.

Тулқин Қараев, як зодаи Узбакистон, ки ҳоло дар Шветсия ба сар мебарад, ба Associated Press гуфтааст, “аслиҳаи асосии мақомот тарсондани мардум аст. Озодии баён, озодии сухан – ин ҳама мамнӯъ мебошад.”

Созмони Human Rights Watch, ё Дидбони ҳуқуқи башар, дар гузориши соли гузаштааш навишт, Узбакистон “бо тақвияти низоми таъқиботӣ ҳазорон нафарро зиндонӣ кардааст.” Бино ба ин гузориш, баҳои норозигӣ дар инҷо боздошт, корҳои маҷбурӣ ва шиканҷа аст.

Вале, меафзояд Associated Press, барои аз харидории айни васоили назоратие, ки пулиси оҷонсиҳои иктишофии Ғарб истифода мебаранд, манъ кардани ҳукуматҳое, ки пайваста даст ба поймол ккардани ҳуқуқи аслии инсон мезананд, талоши чандоне ба назар намерасад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, мардуме, ки бо истифода аз фанновариҳо таъқибу дастгир мешаванд, мавриди латукӯб, боздошт ва шиканҷа қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters гузориш дод, ки ҳакерҳое, ки бовар меравад, аз номи ҳукумати Қазоқистон амал мекунанд, талош кардаанд, то аз тариқи васоили ҷосусӣ ба вакилони мудофеъ ва дигар афроди наздик ба дигарандешони зиндонӣ таъсир расонанд.

Як ҳайъати пажӯҳишгарон эмейлҳоеро, ки ба як гурӯҳ, аз ҷумла ба вакили ҳуқуқи инсон дар Ню-Йорк Питер Салас, вакили итолиёӣ Астолфо Ди Амато, ки дар як баҳси ҳуқуқӣ бо Қазоқистон қарор дорад, ва ноширони табъидии қазоқистон Ирина Петрушова ва Александр Петрушовро, ки чанд сол пеш тарки ин кишвар кардаанд, санҷиданд.

Дар ин номаҳо талош мешуд, то бо фиреб аз тариқи ширкати ҳиндие, ки ҷои кор пешниҳод мекунад, ин гурӯҳро ба насби яке аз ду навъи софтвейрҳои ҷосусӣ ҷазб кунанд.

Ин ҷуфти ноширони қазоқистонӣ ҳоло аз тариқи онлайн нашрияи “Республика”-ро нашр мекунад. Ин нашрия эмейлҳои ифшо ё ҳакшудаи ҳукумати Қазоқистонро чоп мекунад.

Тими таҳқиқотӣ дар хулосааш менависад, “ба гумони мо, истифодаи барномаҳои зараррасон аз сӯи ҳукуматҳо ба манзури ҷосусӣ аз паси дигарандешони сиёсӣ, бахусус онҳое, ки дар хориҷ, берун аз доираи нуфузи мустақими ҳукумат қарор доранд, торафт меафзояд.”

Руслан Левиев, коршиноси тими Conflict Intelligence Team дар Маскав рӯзи 3 август дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, фанновариҳои навин дасти мақомоти амниятӣ дар кишварҳои худкомаро дар амри таъқиби мухолифонашон хеле дароз кардааст. Ӯ мегӯяд, дигар мисли замони Шӯравӣ шарт нест, ки корманди амният дар шӯъбаи алоқа гӯшбақимор бишинад, ки телефони машкук кай занг мезанад?

Руслан Левиев
Руслан Левиев

Руслан Левиев мегӯяд: “Мақомоти амниятӣ ба захираи маълумоти ширкатҳои мобилӣ дастрасии мустақим доранд. Ва як корманди амният метавонад ба осонӣ худро ба рӯйхати гирандагони СМС-ҳои шумо ҳамроҳ кунад ва дигар бароҳат ҳар СМС, ки ба номи шумо меояд, ба телефони ӯ ҳам меравад. Ё бо ҳамин роҳ ба саҳифаҳои фаъолони сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ пайдо кунанд. Ахиран бо ҳамин роҳ саҳифаҳои фаъолони мухолифин Георгий Албуров ва Сергей Пархоменкоро шикастанд. Худи ман нохост дидам, ки ҳисобҳои бонкиам аз сӯи мақомот назорат мешавад. Ба ҳисобҳои ман шумораи телефони номаълумро ҳамроҳ кардаанд ва ҳар муомилаи пулие, ки ман бикунам, бо СМС ба ин шумора ҳам дар борааш билофосила маълумот медиҳанд. Мақомот бо чунин роҳҳо имкони назорат ба ҳисобҳои бонкӣ ва ҳама гуна навъҳои фанновариҳои навин – Фейсбук, Твиттер, Телеграм ва шабакаҳои дигарро ба даст меоранд. Ва бо ҳамин роҳ фаъолони шинохтаро зери назорат мегиранд.”

Руслан Левиев мегӯяд, фанновариҳои навин ба сари худ чизи хуб аст, вале дар дасти ҳукуматҳои худкома ба як василаи мудҳиш табдил меёбанд: “Ин васоил дар дасти ҳукуматҳо ба як силоҳи тавоно мубаддал мешавад, чунки ҳамаи мо аз фанновариҳо истифода мебарем ва торафт маълумоти ҳарчӣ бештарро аз тариқи онлайн радду бадал мекунем. Ва табъан дар дасти мақомот ва ҳукуматҳо сели маълумот дар бораи мо қарор мегирад ва ин маълумотро метавонанд ба зидди мо истифода баранд. Аз ин лиҳоз, бале, фанновариҳои навин дар дасти ҳукуматҳои худкома, метавон гуфт, ки ба як силоҳ ба зидди мо табдил ёфтаанд.”

Дар Тоҷикистон низ мардум, бахусус дигарандешони сиёсӣ, аз гӯш шудани сӯҳбатҳои телефониашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳангоми сӯҳбатҳои телефонӣ, вақте навбат ба ягон мавзӯи ҳассостар мерасад, тарафи дигар зуд равиши гуфтугӯро ба тарафи дигар мебарад ки: “Ин гапи телефонӣ нест.”

Сармоядори эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ барои тахаллуф ва аз худ кардани беш аз 2 миллиард доллар пули фурӯши нафти Эрон ба қатл маҳкум шуд, дар ҷараёни мурофиааш дар посух ба суол дар бораи куҷо шудани ин пулҳо аз ҷумла гуфта буд, ки бо як қисмаш барои ҳукумати Тоҷикистон васоили муосири ҷосусӣ харидааст. Аммо мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон инро рад карданд.

Шеваи дигари таъқиби дигарандешон бо истифода аз фанновариҳои навин рахна кардани эмейлҳо ва саҳифаҳои сиёсатмадорони мухолифи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоист. Дар гузашта, чунин рахнагарон аз ҷумла саҳифаҳои сиёсатмадорону ҳомиёни ҳуқуқи шинохтае, чун Ойниҳол Бобоназарова, Раҳматулло Зоиров, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва чандин нафари дигарро рахна карда, сипас аз номи онҳо матлабҳои хилофи назари худи онҳо нашр мекарданд.

Мунтақидон дар ин рахазаниҳо дасти мақомотро мебинанд. Вале мақомоти Тоҷикистон истифода аз чунин шеваи бархӯрд бо афроди дигарандешро ҳамеша рад мекунанд ва мегӯянд, дар Тоҷикистон озодии баён муроот мешавад.

Аммо як хабарнигори дигарандеши тоҷик, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтааст, дар сӯҳбат бо Озолӣ гуфт, “бо вуҷуди дурӣ аз Ватан то ҳол эҳсос мекунам, ки касе баробари ман ва ҳатто пештар аз ман эмейлҳоямро мехонад, медонад, ки ман дар чатҳои интернетӣ бо кӣ ва дар бораи чӣ ҳарф мезанам.”

Матлаб дар ҳамкорӣ бо Патрис Ҳилл аз бахши ҷаҳонии Радиои Озодӣ таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG