Захарова: Мақолаи The Guardian дар бораи узри Патрушев тавтеа аст

Намояндаи Вазорати хориҷии Русия Мария Захарова мақолаи The Guardian оиди маъзаратхоҳии раҳбари Шӯрои амният Николай Патрушев дар заминаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Черногорияро тавтеа унвон кард.

Захарова ин нашрияро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам кард. Ба гуфти ӯ, хабарнигорони нашрия барои тасдиқи хабар талош накарданд, ки бо Шӯрои амният ва ё идораҳои умури хориҷӣ дар тамос шавад.

Рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр нашрияи The Guardian бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Сербистон гуфт, ки Николай Патрушев барои ду шаҳрванди боздоштшудаи Русия, ки мехостанд алайҳи нахуствазири Черногория сӯиқасд анҷом диҳанд, маъзарат хостааст. Нашрия мегӯяд, ки Патрушев охирҳои моҳи октябр, дар ҷараёни сафар ба Белград маъзаратхоҳӣ кардааст.

Бинобар маълумоти тафтишот, гурӯҳи миллатгароёни рус мехостанд баъди интихоботи порлумонии 16 октябр дар Черногория табаддулоти мусаллаҳона анҷом диҳанд, то аз шомил шудани кишвар ба паймони НАТО ҷилавгирӣ кунанд. Маскав гуфтааст, ки дар таҳаввулоти Черногория даст надорад.