Интиқоди Амрико барои тамрини Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов дар видеои тарғиботиаш.

Ню Йорк Таймс як нашрияи мӯътабари амрикоӣ ҳукумати ин кишварро танқид кардааст, ки зимни ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои худкома, аз ҷумла Тоҷикистон масоили ҳуқуқи башарро нодида мегирад. Дар як мақолае дар бораи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайваст, муаллифи мақола гуфтааст, Амрико барои мубориза бо терроризм ба Тоҷикистон кӯмак карда ва аз ҷумла афсаронаш ба мисли Гулмурод Ҳалимовро тамрини низомӣ додааст.

Худи Гулмурод Ҳалимов баъди пайвастан ба гурӯҳи Давлати исломӣ дар видеои тарғиботиаш гуфта буд, ки дар Амрико омӯзиш гирифтааст ва таҳдид кард, ки рӯзе бо силоҳаш бармегардад ва ба сокинони Амрикоро «дар хонаҳояшон қатл мекунад.» Стив Свердлов, муҳаққиқи умури Осиёи Марказӣ, ба “Ню Йорк Таймс” гуфтааст, “Артиши Амрико ба ҳукуматҳои саркӯбгари Осиёи Марказӣ тамрину таҷриба медиҳад. Ва дар ҳамкориҳои низомӣ риояти ҳуқуқи инсон бояд як шарт бошад.”

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ва ё нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва сипас дар як видеои тарғиботи пайдо шуд ва гуфт, ки ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Баъдан дар бораи ширкати ӯ дар ҷангҳо ва захмӣ шуданаш ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳо пайдо шуданд.

Чанде пеш расонаҳои арабӣ гуфтанд, ки ӯ як фармондеҳи баландрутбаи гурӯҳи Давлати исломӣ таъйин шудааст, вале худи гурӯҳ дар ин бора эълоне надодааст. Дар Тоҷикистон алайҳи Гулмурод Ҳалимов, бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ парванда боз кардаанд. Ҳукумати Амрико ҳам аввали тирамоҳ ӯро дар феҳрасти террористони хатарноки дунё ворид кард ва барои ҳаргуна иттилои арзишманд дар бораи паноҳгоҳи ӯ 3 миллион доллар подош ваъда кардааст.