Иттиҳодияи Аврупо номи шаш вакили мардумии Русия ва ҳамаашон аз нимҷазираи Қримро ба феҳрасти афроди мавриди таҳрим ворид кард. Таҳримот барои ғасби Қрим аз тарафи Русия эъмол шудааст. Шаш вакили мардумӣ моҳи сентябр дар интихоботи Думаи давлатӣ аз нимҷазираи Қрим интихоб шуданд. Ба гуфтаи Иттиҳодияи Аврупо, таҳрим алайҳи афрод ва ниҳодҳое эъмол шудааст, ки ба амалкардҳо ба зидди тамомияти арзии Украина даст доранд. Иттиҳодияи Аврупо соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина баъзе сиёсатмадорони Русияро аз ҳаққи гирифтани визаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум кард. Дар маҷмӯъ иттиҳодия ба зидди 152 нафар аз ҷумла Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазир ва Дмитрий Киселев, хабарнигор ва тарғибгари асосии сиёсатҳои Кремл таҳрим эъмол кардааст.