Ҳукумати Узбекистон омодааст, барои гуфтугӯ миёни ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" шароит фароҳам кунад. Дар ин бора намояндаи вижаи президенти Афғонистон дар умури ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ Шокир Коргар хабар медиҳад.
Шокир Коргар меафзояд, Тошканд на танҳо аз талоши Кобул барои барқарории субот ҷонибдор аст, балки метавонад дар ин раванд кумакҳои мушаххасе бирасонад. Аз ҷумла омодааст, музокироти ҳукумати Афғонистонро бо толибон дар Ӯзбекистон баргузор кунад.
Ба ҷуз ин, Узбекистон ризоият додааст, ки дархости Афғонистонро дар масъалаи дарёфти узвияти Созмони ҳамкориҳои Шангхай пуштибонӣ карда, дар мубориза бо хатари маводи мухаддир ба Афғонистон ёрӣ мерасонад.