Бино ба изҳороти мақомҳои расмии Русия, Москва ва Анқара ҳамкориҳои низомиро дубора аз сар гирифта, интизор меравад, комиссияи байниҳукуматии ду кишвар то охири соли равон вохӯриеро анҷом диҳад.
Александр Фомин, сардори Хадамоти федеролӣ оид ба умури ҳамкориҳои ҳарбию техникии Русия гуфтааст, ки феълан замон ва макони баргузории вохӯрии мазкур баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад, комиссия ҳамчунин масъалаи ба Туркия фиристодани сипари мушакии истеҳсоли Русияро низ баррасӣ кунад.
Ин гуфтаҳои Фомин дар ҳолест, ки Ҳулуси Акар, сардори Ситоди кулли Туркия 1 ноябри соли равон аз Москва боздид кард. Бар пояи изҳороти мақомоти турк, Акар ва ҳамтои русаш Валерий Герасимов имкониятҳои ҳамкориҳои низомии ду кишвар зидди гуруҳии террористии "Давлати исломӣ" дар Сурия ва як қатор масоили дигарро баррасӣ кардаанд.
Равобити Анқара ва Москва баъди сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурия бо Туркия моҳи октябри соли гузашта, якбора сард гардид. Вале баъди кӯшиши табаддулоти ҳукумати президент Раҷаб Эрдуғон (моҳи июли соли ҷорӣ) дубора барқарор шуд.