Ба думболи оташсӯзии шадид дар бузургтарин маркази тиҷоратии Аламаато ҷасади 6 нафар ошкор шуд. Хадамоти изтирории шаҳр гуфтааст, ки як ҷасадро рӯзи 6 ноябр, як рӯз баъд аз сӯхтор дар ин бино пайдо карданд, панҷ ҷасади дигар рӯзи 7 ноябр дар ошёнаи шашуми ин бино ошкор шудааст.
Гурӯҳҳои наҷот ҷасадҳои дигарро ҷустуҷӯ мекунанд.
Сӯхтор, ки ҳудудан 1800 метри квадратиро хароб кардааст, рӯзи 6 ноябр соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Гурӯҳи бозҷӯён ҳуввияти кушташудаҳо ва сабаби сухторро таҳқиқ мекунанд.