Талантбек Ботиралиев, вазири тандурустии Қирғизистон, марги тифли зани 27-сола ва маҳрум шудани ӯ аз бачадонашро зери назорати шахсии худ қарор додааст. Ботиралиев гуфтааст, фаъолияти табибонеро, ки он рӯз навбатдор буданд, хоҳад санҷид. "Ба ин зан рақамҳои маро диҳед. Ҳар вақте ки занг заданд ё омаданд, қабул хоҳам кард. То даме ки табибон ин парвандаро бо роҳи ғайриқонунӣ набастанд, бояд чора андешид. Ҳодисае нест, ки таваҷҷуҳ накарда бошам ва омодаам, ба ҳама чиз ҷавоб бигӯям", - таъкид кардааст вазир.
Шавҳари зани 26-сола табибонро на танҳо дар марги тифл, балки бо он айбдор мекунад, ки зимни ҷарроҳи бачадони занро ҳам буридаанд. Дар бораи буридани бачадони зан баъди чанд рӯзи ҷарроҳӣ маълум шудааст. Сокини Бишкек, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, табибон ба вай 100 ҳазор сом (муодили 10 ҳазор сомонӣ) додаанд, то сару садо накунад.