Дар Черногория миллатгароҳои Русия талош доштанд зимни интихоботи порлумонӣ ҳукуматро ғасб кунанд. Онҳо ният доштанд, сарвазирро бикушанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба додситонии Черногория иттилоъ медиҳад. Ба иттилои додситонӣ, аъзои гуруҳи ҷиноятӣ ният доштанд, сарвазирро бикушанд ва мухолифонро сари қудрат оранд.
Омодагии амалиёти террористӣ дар ҳудуди Черногория, Сербистон ва Русия сурат гирифтааст. Мақомоти Сербистон чанд гумонбарро боздошт кардааст. Пулиси Черногория 16 октябр, дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ аз боздошти 20 шаҳрванди Сербистон, ки бо ҳадафи ташкили теракт, ғасби муассисаҳои давлатӣ ва боздошти сарвазир ба ин кишвар омада буданд, хабар медиҳад.