То замони баргузории интихоботи президентии Амрико ду рӯзи дигар боқӣ мондааст ва Ҳилларӣ Клинтону Доналд Трамп аз охирин фурсат барои ба даст овардани ҳимояти раъйдиҳандаҳо истифода мекунанд. Ин ду номзад, ки яке намояндаи Ҳизби демократ ва дигаре аз Ҳизби ҷумҳурихоҳанд, рӯзи шанбе дидору сӯҳбатҳои худро бо интихобкунандагон дар баъзе аёлатҳо поён доданд.
Ҳиллари Клинтон чор соли пеш, моҳи октябри соли 2011, ки он вақт вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ба Тоҷикистон омада, бо мақомодорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ сӯҳбатҳо анҷом дода буд.
Клинтон аз рӯйхати тӯлонии овозхонҳо ва сиёсатмадорони маъруф дар маъракаи интихоботиаш дар аёлатҳои гуногун истифода кард. Вай ба хотири ҷалби ҳимояти раъйдиҳандаҳои ҷавон дар як роҳпаймоӣ дар Пенсилвания бо Кети Перри, овозхони маъруфи мусиқии поп зоҳир шуд. Аз ин пеш, ӯ бо Бейонс ва Фей Зи, шавҳари овозхони ҳип-ҳопаш, рӯи саҳна баромад. Қарор аст, рӯзи якшанбе Клинтон бо ситораи баскетбол ЛеБрон Ҷеймз дар аёлати Оҳайо суханронӣ кунад.
Доналд Трамп сафарашро ба Айова, Миннесота, Мичиган, Пенсилвания, Вирҷиния, Калифорнияи Шимолӣ ва Ню Ҳампшир анҷом додааст. Дар мулоқоти Невада масъулони амниятӣ ӯро ба хотири як ҳушдори нодуруст дар мавриди вуҷуди аслиҳа дар толор босуръат аз саҳна берун карданд. Вай баъд аз чанд дақиқа дубора рӯи саҳна омад ва бо ибрози мамнунӣ аз кори маъмурони амниятӣ хитоб ба тарафдоронаш гуфт, “ҳеҷ кас нагуфтааст, ки ин кор барои мо осон хоҳад буд.”
Мақомоти амниятӣ баъдан бо нашри як эъломия гуфтанд, касе аз байни одамон фарёд задааст, ки аслиҳа вуҷуд дорад, вале аслиҳае пайдо нашудааст. Бархе аз расонаҳо гузориш доданд, фарде, ки дастгир шуда буд, дубора озод гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо гуфтанд, ки Мелания Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, қабл аз онки иҷозаи расмии кор дар Амрикоро бигирад, пул дарёфт намудааст. Ассошиайтед Пресс гузориш додааст, ки Мелания соли 1996 бо визаи саёҳатӣ ба Амрико омада, беш аз 20 ҳазор доллар кор кардааст. Дар ҳоле ки Мелания дар соли 2001 грин кард ва дар соли 2006 шаҳрвандии Амрикоро гирифт. Вай дар соли 2005 бо Доналд Трамп издивоҷ кардааст.
Дар муборизаҳои интихоботии Доналд Трамп ҳеҷ чеҳраи шинохташуда аз шахсиятҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дида намешавад ва ин дар ҳолест аст, ки дар оғози ҳафтаи гузашта Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, муовини ӯ ва сенатор Берни Сандерс дар маросимҳои алоҳида барои ҷалби раъйдиҳандагони мустақил ба тарафдории Ҳиллари Клинтон, суханронӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, Ҳиллари Клинтон, номзад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби демократ гуфтааст, рақибаш Доналд Трамп бояд тамоми робитаҳоеро, ки бо Кремл дорад, ошкор кунад.
Клинтон гуфт, Владимир Путин, президенти Русия барои расидани Трамп ба мақоми президентии Амрико талош дорад. Доналд Трамп дар навбати худ иддаои Клинтонро, ки мегӯяд ӯ "одам"-и Русия аст, рад намудааст.
Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор хоҳад шуд. Назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ нишон медиҳанд, ки Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократи Амрико дар ин корзор дар муқоиса ба Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ пешсаф аст. Президенти нав Барак Обамаро, ки ду давраи чорсолӣ раҳбари Амрико буд, иваз хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷараёни интихоботи Амрикоро панҷ намояндаи кишвар назорат хоҳанд кард. Онҳо рӯзи 1 ноябр ба Амрико рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки интихоботи Амрикоро пайгирӣ доранд ва Клинтон барояшон номзади тошност. Ҳиллари Клинтон чор соли пеш, моҳи октябри соли 2011, ки он вақт вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ба Тоҷикистон омада, бо мақомодорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ сӯҳбатҳо анҷом дода буд.