Парвина Саидова, ки дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" (Miss World Beauty) дар шаҳри Остона Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, барандаи ҷоизаи "Missis International 2016" шуд. Парвина рӯзи 6 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз пойтахти Қазоқистон гуфт, ин ҷоиза болотар аз ҷойи аввал, яъне Гран-при аст ва роҳи ӯро барои иштирок дар озмунҳои зебоии Русия ва Фаронса ҳамвор кардааст.
Парвина барои муваффақ шудан дар ин роҳ талоши зиёд накард ва танҳо нашри чанд аксаш дар шабакаи Фейсбук ӯро дар бозори реклама ва филмсозӣ “серхаридор” намуд.
Ӯ гуфт, "дарёфти ҷоиза, воқеан, ғайриинтизор буд, чун 120 нафар барои гирифтанаш сабқат доштанд. Чизи аз ҳама муҳим ин аст, ки баъди дарёфти ҷоиза маро ба манзили шахсии Пиер Карден, аз тарроҳони маъруфи Фаронса, даъват карданд." Парвина Саидова гуфт, Пиер Карден соли оянда ба синни 95 мерасад ва ӯ бар асоси даъвати намояндагони ин тарроҳи маъруф моҳи июл ба Фаронса хоҳад рафт.
"Ин шонси бисёр муҳим аст, чун мулоқот бо Пиер Карден метавонад, маро ба дунё муаррифӣ кунад", - афзуд мусоҳиби мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Парвина Саидова қаблан гуфта буд, ки дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" дар баробари зебоӣ ва намоиши либоси миллӣ, истеъдоди овозхониву рақсашро низ нишон хоҳад дод. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, ҳарчанд либоси миллиро ба намоиш гузошту рақси тоҷикиро нишон дод, вале натавонист тарона иҷро кунад. "Фурсати хеле кам доштам ва барои ҳамин натавонистам сурудро то охир дуруст кунам", - шарҳ дод ӯ.
Саидоваи 27-сола, модари панҷ фарзанд буда, борҳо бо либосҳои миллии тарроҳони тоҷик ба ҳайси модел рӯи саҳнаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Украина қадам задааст. Вай ду соли пеш аз ҷаҳони мӯд дур буд ва тасодуфан дар мадди назари Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик афтод.
Парвина Саидова то замони иштирок дар клипи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин ва нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд ва рӯзаш бо тарбияи фарзандон сипарӣ мешуд. Аммо марги шавҳар дар ду соли пеш зиндагии ин зани ҷавонро комилан тағйир дод ва наздикон ба Парвина барои раҳо шудан аз андӯҳ ва зиндагии хубу осуда тавсия доданд, то аз симои зебо ва истеъдодаш кор бигирад.
Ҳамин тариқ, ӯ барои муваффақ шудан дар ин роҳ талоши зиёд накард ва танҳо нашри чанд аксаш дар шабакаи Фейсбук ӯро дар бозори реклама ва филмсозӣ “серхаридор” кард. Парвина мегӯяд, сирри муваффақияташ дар бозори клипсозӣ ва нақшофарӣ маҳз чеҳраи зебо ва қаду қомати расояш аст, ки баъд аз таваллуди панҷ фарзанд ҳам зиёд тағйир накардааст.
Зеро ба нақли Парвина ҳолатҳое шудааст, ки ӯро ба ҳайси модар барои иштирок дар маҷлиси волидон роҳ надоданд, ҳарчанд ӯ барои иштирок дар ҷамъомади падару модарон барои духтараш рафта буд.
Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо зани тоҷик симои зебову истеъдоди нақшофарӣ доранд, аммо ба хотири нигоҳ доштани оилаи суннатии хеш аз сохтани карйера даст мекашанд ва симои зебои худро бар ивази хизмат ба шавҳар ва тарбияи фарзанд қурбонӣ мекунанд.
Парвина Саидова ҳам, ки дар 18-солагӣ арӯсӣ кард, ҳамон сол аввалин фарзандашро ба дунё овардааст, ҳоло мегӯяд, зиндагиаш комилан ранги дигар гирифт ва ӯ умед дорад, ки муваффақ хоҳад шуд.